Мусулмон


Contributors to Wikimedia projects

Article Images

Мусулмон (ар. مسلم‎) — (муслим) мардон ва ар. مسلمة‎ — (муслимат) занон, шахсе, ки ба дини ислом эътиқод дорад. Мусулмонҳо боварӣ доранд, ки Худо (Аллоҳ) якто аст. Китоби муқаддаси мусулмонҳо (Қуръон) аст.

Дуои мусулмон ба Аллоҳ
Давлатҳое, ки зиёда аз 10 % аҳолӣ мусулмон аст. Ранги сабз сунниҳо, кабуд — шиъаҳо
Мусулмонони дунё дар зиёрати Kaaba
SPRY(1895) Мусулмонон

Кишварҳои бо аҳолиии аксарият мусулмон

вироиш

Ислом дуюмин дини ҷаҳонист, пайравони он аз 1,5 то 1,77 млрд.[1] мусулмон (яъне 22,74 % аҳолии ҷаҳон)[2]. Уммаи мусулмонон дар 120 мамлакат, асосан[3] дар қисми Ғарб, Ҷануб ва Ҷанубу Шарқи Осиё ва Африкои Шимолӣ, аз ҷумла, дар 35 кишвар аксарияти аҳолӣ, ва 28-тои он, дини давлатист — Миср, Арабистони Саудӣ, Марокко, Кувайт, Эрон, Ироқ, Покистон ва диг.

90 % мусулмонон суннимазҳаб ва дуюмин аз рӯи шумораи умумии мусулмононон аҳли шиъа (10 %) мебошанд.[4].

Аксарияти кулли мусулмонон дар — Индонезия иқомат доранд, яъне 12,7 % мусулмононони ҷаҳон дар ҳамин кишвар зиндагӣ мекунанд, инчунин дар Покистон (11,0 %), Бангладеш (9,2 %), ва Миср (4,9 %)[5]. Мусулмонон инчунин, дар байни ақалиятҳои аҳолии Ҳиндустон, Чин, Русия, Ҳабашистон ва баъзе аз диг. кишварҳо ба сершумортарин ақвом мубаддал гаштааст.

  1. Cooperman, Grim, Karim, Chaudhry, Hsu, Wenger, McKnight, Pavlischek, Ramp, 2009, p. 1.
  2. The World Factbook. CIA Factbook. 8 Декабри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 Январ 2010.
  3. Matthews world Бойгонӣ шудааст 14 Декабри 2008  сол. // Wadsworth.com
  4. Shīʿite. Encyclopædia Britannica Online. — «Shīʿites have come to account for roughly one-tenth of the Muslim population worldwide.»  25 августи 2010 санҷида шуд.
  5. Number of Muslim by country. nationmaster.com. 30 май 2007 санҷида шуд.